ёл — I [يال] 1. мӯи гардани баъзе ҳайвонот монанди аспу хар, шер 2. китф, бехи китф, ёлу кӯпол тану тӯш, бурзу бозу, андом, ҳайкал II [يال] гуфт., ниг. ёла; ёли болои теппа пастхамии теппа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бағал — [بغل] 1. зери пайвандгоҳи дасту китф, каш 2. оғӯш, канор, бар, сина, дӯш; аз (зери) бағали касе гирифтан а) бозуи касеро даст гирифтан, аз зери каши касе гирифтан; б) маҷ. ба касе мадад расонидан, кӯмак кардан, дастгирӣ кардан (дар дармондагӣ);… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
белак — [بيلک] биол. шонаи китф, тағояк … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бо — I [با] пешванд 1. ҳамроҳ будан, якҷоя шудан ва иштирок карданро дар иҷрои ягон амал (бо шахсе ё чизе) ифода мекунад; ҳамроҳи…, дар якҷоягии…, ба иштироки…: бо ҳам, бо ҳамдигар, бо ҳамроҳии, бо касе гап (на) задан, бо касе вохӯрдӣ кардан, бо касе… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бозу — [بازو] 1. қисми болои даст аз китф то оринҷ: бозувони қавӣ, банди бозу; бокитфу бозу тануманд; боқувват 2. маҷ. зӯр, қувват, иқтидор; бо зӯри бозу ба воситаи зӯрӣ, бо ёрии қувва … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бурдан — I [بردن] 1. аз ҷое ба ҷое интиқол додан (хоҳ бардошта, хоҳ кашида ва хоҳ ба пои худ), муқоб. овардан 2. гузоштан, дароз карда расондан (мас., дастро ба китф, гӯшаки телефонро ба гӯш ва ғ.) 3. гунҷидан, гунҷоиш додан 4. шунавондан, хабар додан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дӯш — I [دوش] асоси замони ҳозира ва сиғаи амр аз дӯшидан II [دوش] кит. шаби гузашта, дишаб, динашаб III [دوش] китф, шона; тахтапушт … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
елка — [ايلکه] т. лаҳҷ. ҷои аз гардан пойин ва аз китф болои бадан; дӯш ◊ елка карда гаштан ба касе қаҳр карда гаштан аз касе; пинҳон шуда гаштан аз касе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кашкӯл — [کشکول] таър 1. норгили дарёӣ ва баҳрӣ 2. каду ё косаи заврақшакл, ки қаландарон ба китф ё ба оринҷи дасти худ овехта мегаштанд ва чизҳои гадоӣ кардаашонро ба он меандохтанд ва он дар қадим аз меваи кашкӯл сохта мешуд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кифт — [کفت] шакли ҷойивазкардаи китф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ